Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

Маълумотномаи сайёхӣ



       Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 -2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст. Бо мақсади амалӣ гардидани ин тадбир дар ноҳия як зумра корҳо амалӣ гардида истодааст. Бо мақсади рушди сайёҳӣ аз 3 марти соли 2018, №69, Қарори раиси ноҳия оиди Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Нуробод барои солҳои 2018-2020» ба тавсиб расида, шўрои ноҳиявӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар ҳайати 16 нафар таъсис дода шуд. Ноҳияи Нуробод аз 6 ҷамоати деҳот ва як ҷамоати шаҳрак иборат мебошад. Дар ҳама ҷамоатҳои Қаламрави ноҳия мавзеъҳо, чашмаҳо, ёдгориҳо, чаманзорҳо, дараю кўлҳо хеле зиёданд, ки баҳри рушди сайёҳӣ мувофиқ буда, аз мавзеъи сайёҳӣ будани ин сарзамин шаҳодат медиҳад. Ноҳияи Нуробод як гўшаи кишвари офтобию биҳиштосои Тоҷикистон буда, таърихи бостонӣ дорад. Шаҳри бостонии Дарбанд, ки муаррихон таърихи мавҷудияти онро беш аз 3000 сол медонанд, макони тиҷорату савдо, косибию ҳунармандӣ ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт. Харобаҳои то имрўз боқимондаи ин шаҳр шоҳиди шикастхўрии лашкари пуриқтидори Искандару Чингиз мебошад. Дарбанд» маънои бандарро дошта, ин шаҳр дарвозаи байни ду водӣ: Қаротегин ва Дарвоз буд. Роҳи савдои ҷаҳонии Абрешим аз ин шаҳр мегузашт ва бешак сокинонаш бо дигар минтаҚаҳо робитаи Қавии тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштанд. Нуробод дар худ ёдгориҳои бузург ва хеле Қадимаи таърихӣ дорад, ки Қалъаҳои Амлок, Дарбанд, Кофир, Ҷамҳур, Қалъанак ва ғайраҳо аз Қадимӣ ва куҳан будани ин сарзамин шаҳодат дода, баҳри сайёҳон мавзеъҳои таърихиву фарҳангии миллати кўҳанбунёд маҳсуб мешавад. Корҳои омўзишии Қалъаи Дарбанд, ки таърихи зиёда аз 3 ҳазорсола дорад, шурўъ гардидаст ва умед аст, ки ин ёдгорӣ дар ояндаи наздик яке аз ёдгориҳои таърихии нодиртарини кишвари азиз ва макони тамошои сайёҳон мегардад. . Дар даромадгоҳи ноҳия ва мавзеъҳои мувофиқ барои сайёҳон рекламаи минтақаҳои сайёҳӣ ва ишораҳои сарироҳӣ ва харитаи сайёҳӣ насб карда шудааст. Соли 2019 ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, маҚомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо назардошти имкониятҳои мувофиҚи сайёҳӣ, мавқеи созгори ҷойгиршавӣ ва маданияти бойи меҳмондорӣ, дар канори шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат-Нуробод-сарҳади Қирғизистон бо ҷалби сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёди 3-меҳмонхона, 6-катҳои дамгирӣ, 12-нуқтаҳои хўроки умумӣ, 3 адад Гўшаҳои деҳқон, беш аз 40 марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ, 11-ташнобҳои сарироҳӣ, 6 адад марказҳои таъмири автомобилӣ, 10 адад нуқтаҳои таъмини сўзишворӣ, 6 адад ҳомстейҳо бо шумораи 30 адад кат барои истироҳати сайёҳон, 5 адад бунгоҳҳои тиббӣ, 2 адад хизматрасонии бонкӣ ва дигар инфрасохтори сайёҳиро ба анҷом расонидааст. Бунёди чунин иншоотҳо дар ноҳия бомаром идома дошта, дар соли 2019 ташрифи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба 1362 расида, дар соли 2020 аз сабаби хуруҷи бемории сироятӣ коронавирус (COVID-19) дар ноҳия сайёҳон ба қайд гирифта нашудааст. Вобаста ба наҚша дар ноҳия насби рекламаҳои минтақаҳои сайёҳӣ бо ишораҳои сарироҳӣ оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ дар даромадгоҳҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, насби харитаҳои сайёҳӣ, баргузор намудани озмунҳои маҳсулоти ҳунармандӣ ва таомҳои миллӣ, Фестивали-Нуробод диёри ҳунармандон, баргузории конференсияи илми-амалӣ таҳти унвони “Ҳунарҳои мардуми ва эҳёи он” алаккай ба иҷро расидааст. Бо мақсади муаррифии мавзеъҳои тамошобоб ва таърихии ноҳия соли 2019 чорабинии фарҳангӣ-телевизионии “Сайри Рашт” баргузор гардида, як зумра аҳли илму фарҳанг ва адибон аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳия ташриф овардаанд. Дар доираи баргузории ин чорабинӣ аз мавзеъҳои таърихии Қалъаи Дарбанд, шаршараи Лангар ва дигар мавзеъҳои назаррабои ноҳия дидан намуда, маҳфили шеъру шакар доир карда шуд. Иштироки ҳунармандон ва косибони ноҳия дар фестивал-озмунҳои ноҳиявию минтаҚавӣ ва ҷумҳуриявӣ хеле назаррас буда, ба ин васила ҳунару истеъдод ва маҳсули дасти онҳо муаррифӣ гардида истодааст. Фестивал - озмунҳои “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” Дастархонороӣ, ва дигар чорабиниҳо дар сатҳи баланд доир гашта, сайёҳонӣ хориҷиву дохилӣ аз онҳо дидан намуданд. Баргузории чунин чорабиниҳо барои ривоҷи соҳаи сайёҳии дохилӣ имкониятҳои хуберо фароҳам меоварад. Дар асоси Барномаи ноҳиявии рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020 ва НаҚшаи чорабиниҳо бахшида ба истикболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатӣ, таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, сохтмони меҳмонхонаҳои сарироҳӣ, ошхонаву ҷойҳои дамгирии сайёҳон ва хатсайрҳои нави кўҳгардӣ ба наҚша гирифта шудааст.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод