Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

20.04.2024 / ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "КАДБОНУИ БЕҲТАРИН"



       Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки имрӯзҳо бо ба даст овардани саодати соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони маҳбуби мо имрӯз дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, дастовардҳои маънавӣ, расму оинҳои миллӣ аз нав ба роҳ монда шуда, ҳамасола барои таблиғи онҳо ва ба ҳаёти фарҳангӣ ворид сохтани падидаҳои миллӣ ҳар гуна озмунҳо роҳандозӣ карда мешаванд. Баргузории озмуни "Кадбонуи беҳтарин" низ яке аз ҳамин гуна иқдомҳои нек буда, бо доир намудани ин озмун ба тарғибу ҳифзу нигаҳдошти беҳтарин сунатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани таъомҳои миллӣ, хуришҳои болаззат, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ доир мегардад. Маҳз бо ин мақсад, имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии " Боғи Ирам" бо иштироки меҳмонони олиқадри ба мо дӯсту бародар-Ҷумҳурии Узбекистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин" доир гардид. Дар озмуни мазкур дар баробари дигар кадбонуҳои моҳири кишвар, занону бонувони минтақаи Рашт низ бо як ҳиси баланди миллӣ ва тахаюли рангини кадбонуӣ иштирок намуда, бо оростани дастархони пурнозу неъмат, ки аз анвоҳои сирф таъомҳои миллӣ иборат буд, хотири меҳмононро шод гардониданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод