Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

29.03.2024 / Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод даъвати шашум



       28-уми марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати шашум баргузор гардид. Ба рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои зерин гузошта шуда, мавриди муҳокимаи вакилони халқи ноҳия қарор гирифтанд: Масъалаи якум “Ҳисоботи раиси ҷамоати деҳоти Муҷихарф оид ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷамоат ва натиҷагирӣ аз корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуи деҳот дар соли 2023 ва семоҳаи якуми 2024”. Масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия “Ахбороти сардори нозироти андози ноҳия оид ба иҷроиши сифатнокии андозҳо дар семоҳаи аввали соли 2023 ва кам кардани андозҳои солҳои пешин”. Масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия “Дар бораи тағйирот ба қисми хароҷотии буҷети ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2024” Масъалаи чоруми рӯзномаи иҷлосия “Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома дар бораи Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия”. Масъалаи охирони рӯзномаи иҷлосия “Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия” бо баррасӣ ва муҳокимаи вакилон қарори дахлдор қабул гардид. Бо ҳамин иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод, даъвати шашум аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуда, кори худро анҷом дод.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод