Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

29.03.2024 / Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Нуробод 23.03.2024



       Имрӯз дар марказии ноҳияи Нуробод ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукўҳу таровати хосса ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинии идона Роҳбари гурӯҳи корӣ, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳакимзода Қурбон, раиси ноҳия – Додарҷон Ҷобирзода, раҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони шарафманди Нуробод ҳама бо либоси милливу идона ва бо таъби болидаи наврӯзӣ иштирок намуда, фазои идонаро гарму мунаввар сохтанд. Маҳсули дастони ҳунармандони асил, таомҳои миллии наврӯзӣ дар мисоли ҳафт син ва ҳафт шин анъанаҳои мардумӣ дар аҳди Наврӯз ба намоиш гузошта шуданд. Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода ҳозиринро ба муносибати фарорасии ин ҷашни аҷдодӣ табрик гуфт. Мавсуф дар бораи аслу моҳияти таҷлили Наврӯз сухан намуда, аз саҳму хидмати арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мақоми байналмилалӣ касб намудани Наврӯз таъкид дошт. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳакимзода Қурбон мардуми саодатманди ноҳияи Нурободро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфта, дарҷ намуданд, ки мардуми тоҷик Наврӯзро давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, анъанаҳои ҷашнии онро то замони мо бегазанд расонидаанд. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардан ва парастиши табиату қадршиносии неъматҳои он ҳидоят менамояд. Ҳамзамон дар доираи чорабинии идона як қатор фаъолон бо ифтихорномаҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд. Сипас, аз ҷониби аҳли ҳунару санъати ноҳия барномаи фарогири фарҳангӣ пешниҳод гардида, фазои чорабинии идонаро рангину мунаввар гардониданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод