Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

08.03.2024 / Таҷлили "Рӯзи Модар" дар ноҳияи Нуробод. 07.03.2024.



       Имрӯз ба ифтихори ҷашни Рӯзи модар дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод ҳусни оғоз бахшида, занону модаронро табрику шодбош намуд. Аз ҷумла изҳор дошт, ки модар – тараннумгари зебоӣ, рамзи ҷовидонаи меҳру вафо, идомабахши насли инсон ва ойинҳои неки гузаштагон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, одобу маънавиёт, эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои инсониро ҷой медиҳад. Доир ба нақши занону духтарони кишвар раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода изҳор намуд, ки занону модарон баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, роҳбару роҳнамо, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос, рўзноманигору коргардони касбӣ буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне ободии мамлакат саҳми босазо доранд. Маҳз ҳамин иродаи қавӣ, нерўи созанда ва ободкору созанда будани занону модарони тоҷикро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол баланд бардошта, имконияту шароити ниҳоят мусоидро барои фаъолияти боз ҳам густурдаи занону духтарон дар ҳамаи вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ фароҳам оварданд. Сипас, баромадкунандагон Саъдуллоев Саломатшо- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод ва Сангаков Файзалӣ директори Коллеҷи муҳандисию техникии ноҳия ба сухан баромада, занону бонувонро ба ин рӯзи фархунда табрику шодбош намуданд. Баъдан, дар вазъияти тантанавӣ як зумра занону бонувони фаъоли ноҳия бо тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд. Дар охир кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ модаронро ба ин рӯзи фархунда ва таърихӣ истиқболу шодбош гуфтанд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавию миллӣ доир гардид.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод