Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

05.03.2024 / Вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ дар самти рушди иҷтимоӣ бо сокинони деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Нуробод



       Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвит бахшидани корҳои таблиғотӣ ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва тибқи нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод имрӯз миёни сокинони деҳаҳои Лангар ва Тегирмии Ҷамоати деҳоти Меҳробод вохӯрии судманд доир гардид. Мавриди зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур, ҳамзамон, оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгири ҷинояткори миёни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз нуқтаи назар карданд. Ҳамзамон, бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳо миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон ва аҳолӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод