Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

13.02.2024 / Рўзи интернатсионалистон дар ноҳияи Нуробод



       Санаи 13 феврали соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии "Иттиҳоди интернатсионалистони собиќадори Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35- солагии баромадани Қушунҳои маҳдуди Иттиҳоди Шўравӣ аз Афғонистон" баргузор гардид. Мувини якуми раиси ноҳия Шоҳиён Маҳмад Бала баромад намуда, ќайд намуданд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз зиёд мегардад. Рӯзи интернатсионалистон ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромўшнашуданӣ боқи мемонад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Афсарону сарбозони тоҷик дар қатори дигар миллатҳои Шӯравӣ дар ҳама гуна амалиёти ҷангӣ шуҷоату мардонагӣ нишон дода, аксарияташон бо ордену медалҳои ҷангӣ ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Дар охири чорабинӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҷанговарони башардўст кумаки молиявӣ расонида шуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод