Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

12.02.2024 / Баргузории нишасти матбуотӣ



       Санаи 12 феврали соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо иштирок намуданд. Дар нишаст раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2023 ба рўзноманигорон ахборот пешниҳод намуд. Намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Дар охир раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода дар рафти баромади хеш таъкид намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар оянда низ баҳри ободии ноҳия ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад бурд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод