Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

09.02.2024 / Вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони ноҳияи Нуробод 8.02.2024



       Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи кории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расонидани муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботи Рашт № 12, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон ва фаъолони ноҳияи Нуробод баргузор гардид. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни баромад иброз доштанд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноаткунонии босуръати мамлакат ва афзоиши шуғли пурмаҳсулро дар меҳвари худ қарор додааст. Аз Паём чунин хулоса баровардан мункин аст, ки дар меҳвари сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбудии вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмиллалӣ ва ғайра қарор гирифтанд. Дар охир раиси ноҳия вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботи Рашт № 12, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро бовар кунонд, ки мардуми ноҳияи Нуробод дар ҷавоб ба ғамхориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати софдилона намуда, иҷрои дастуру супоришҳои Паёмро сармашқи кори худ менамоянд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод