Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

05.10.2023 / Таҷлили Рӯзи забон дар ноҳияи Нуробод



       Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод  бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод тантанаи идона баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон дар симои ҳозирон мардуми ноҳияро ба ин рӯзи фархунда шодбош гуфт. Баромадкунандагон дар васфи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати пуштибонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуд, ибрози назар намуданд. Забони тоҷикӣ - ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад. Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ҷавҳари аслии забони тоҷикиро ахлоқи накуи инсонӣ ташкил дода, сарвати фарҳанги миллат бо ҳамин забон ба оламиён пешкаш гардидааст. Вазифаи мо донандагони забон аз он иборат аст, ки чуноне бузургони мо онро то ба даврони мо беолоиш оварда расондаанд, мо низ ба ояндагон бо чунин шакл ба мерос гузорем.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод