Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

24.07.2023 / Барномаи фарҳангию адабии ноҳияи Нуробод дар боғи кудакони шаҳри Душанбе



       Ҳамзамон дар ин рӯз аз ҷониби санъаткорону ҳунармандони ноҳияи Нуробод дар дар Боғи сабзу хуррами кӯдакон барномаи фарҳангиву адабӣ доир гашт. Дар оғози чорабинӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода суханронӣ намуда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии ноҳияи Нуробод дар пойтахти кишвар миннатдории роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳри Душанберо расонид. Сипас ҳунармандон бо иҷрои суруду таронаҳои васфкунандаи Ватан, Модар, Тоҷикистон, Душанбе хотири иштирокчиён ва меҳмонону сайёҳони пойтахти кишварро шоду болида гардониданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод