Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

13.04.2023 / Маҷлиси ҷамъбасти семоҳа



       Таҳти раёсати раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода ва бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои оянда баргузор гардид. Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои ояндаро муовини якуми раиси ноҳия Шоҳиён М.Б. ҳисобот дод. Натиҷаҳои заҳматкашони ноҳия дар маҷмўъ назаррас буда, нақшаву нишондодҳои пешбинишуда аксаран иҷро шудаанд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон бо таҳлилҳои мушаххас ҷиҳати рафъи мушкилотҳо маслиҳат ва дастурҳои муфид доданд. Бахусус, васеъ намудани майдони кишти картошка, бунёди боғҳо, рушди соҳаи чорводорӣ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, зиёд намудани иншоотҳои ҷашнӣ ва дар ин замина сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раиси ноҳия дар ҷамъбасти маҷлис масъулонро вазифадор намуд, ки аз камбудиҳои ҷойдошта хулосаи даркорӣ бароварда, нимсолаи дуюмро бо дастовардҳои шоён ҷамъбаст намоянд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод