Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

31.03.2023 / Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Нуробод



       Санаи 21.03..2023 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Нуробод ҷашни байналмилалии Наврўз бо шукўҳу таровати хосса ҷашн гирифта шуд. Меҳнаткашони ноҳия маҳсули дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии хешро ба намоиш пешниҳод намуданд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ва раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод аз дастранҷи меҳнаткашони ноҳия дидан намуданд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии кишвар аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Нуробод Додарҷон Ҷобирзода сокинони ноҳияро ба ҷашни байналмилалии Наврўз табрик намуданд. Дар анҷом ба як қатор фаъолон бо ифтихорномаҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд. Пас аз анҷоми маҷлиси тантанавӣ намоиши театрикунонидашудаи бахши фарҳанги ноҳия, ки ба пайдоиши наврўзи хуҷаста бахшида шуда буд, манзури тамошобинон намуд. Сипас, гўштини миллӣ “Гўштингирӣ”, ки яке аз суннатҳои асосии наврўзӣ мебошад, баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъсисшуда қадр карда шуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод