Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

09.03.2023 / "ХУШҲОЛИИ ЯТИМОН ИН ХУШҲОЛИИ МОСТ!"



       Дар арафаи Рўзи Модар аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҳамчунин, раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Пулод ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳия як қатор туҳфаҳоро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим намуда, онҳоро ба Рўзи Модар шодбош намуд. Ёдовар мешавем, ки дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳия 147 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия машғул буда, мактаб-интернат дорои шароити хуби таълимист. Соли гузашта 14 нафар тарбиятгиранда хатм намуда, 5 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти макотиби олии кишвар дохил шуда, таҳсил намуда истодаанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод