Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

26.02.2023 / ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ВА АТТЕСТАТСИЯИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД БАРГУЗОР ГАРДИД



       10 феврали соли равон дар асоси Қарори раиси ноҳияи Нуробод аз 7 декабри соли 2022, №232 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид. Вобаста ба баргузории озмуни мазкур дар рӯзномаи маҳаллии "Нури Нуробод" эълон таҳия ва нашр гардида, аз ҷониби 10 нафар довталабон ба унвони раиси Комиссия ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод гардиданд. Зимни баррасии ҳуҷҷатҳо 7 нафар аз довталабон ба даври дуввум роҳ ёфта, дар озмуни баргузор гардида ширкат варзиданд. Озмуни мазкур аз ҷониби ҳайати Комиссияи озмун ба таври шаффофу одилона баргузор гардида, довталабоне, ки ба вазифаҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд, ба ишғоли мансабҳо пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин, дар ин замина мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-майи соли 2008 №468 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва маъмурӣ" ва қарори раиси ноҳияи Нуробод аз 3 январи соли 2023 №2 аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид. Дар аттестатсия раиси комиссия, муовини якуми раиси ноҳия - Шоҳиён Маҳмад Бала, Латифзода Фирдавс сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар аъзоёни комиссия иштирок намудаанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод