Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

22.02.2023 / Артиши миллӣ- сипари боэътимоди Ватан



       Имрӯз бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Ба ин муносибат сарбозону афсарон ва аҳли ҳозиринро раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод, комиссари ҳарбии ноҳия Мирзоев Шаҳоб ва намояндагони занону ҷавонон табрику шодбош намуданд. Дар фарҷом, як зумра ҷавононе, ки ихтиёран дар даъвати баҳории соли 2023 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мегарданд, собиқадорони ҷангу меҳнат ва варзишгарон бо ифтихорнома, сипосномаву тӯҳфаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд. Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод