Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

10.02.2023 / ПАЁМ-РАВШАНГАРИ ИМРЎЗ ВА ФАРДОИ КИШВАР



       Санаи 9 феврали соли 2023 дар доираи нақша чорабиниҳо вохўрии раиси ноҳия муҳтарам Ҷобирзода Додарҷон Пулод бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо оид ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати мамлакат дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод байни сокинони Ҷамоати шаҳраки Дарбанд ва Ҷамоати деҳоти Хумдон баргузор гардид. Нахуст раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод ба вохӯри ҳусни оғоз бахшида, суханро ба раисони Ҷамоатҳои шаҳраки Дарбанд ва Ҷамоати деҳоти Хумдон оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисоди дар соли 2022 дод. Сипас, раиси ноҳия дар суханрониҳои худ иброз доштанд, ки имрўзҳо вазъи ҷаҳон наонқадар хуб ба назар мерасад баъзе гурўҳҳои манфиатҷу бештар ҷавононро ба ҳар гуна роҳу равияҳои иртиҷоӣ мебаранд ва ҳамаи мо фаъолон, падару модаронро зарур аст, ки нисбати тақдири насли наврасу ҷавон, фарзанди баору нанги ин миллатро дар руҳияи ватандўстию хештаншиносӣ тарбия намуда, баҳри адои хизмати Ватан-модар ва ба қадри манфиатҳои миллӣ хосатан ба қадру манзалат ва эҳтироми падару модар расидан сафарбар кардан зарур аст. Инчунин бо мақсади пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, истифодаи нодурусти шабакаҳои интернети миёни наврасону ҷавонони дар хориҷи кишвар қарор дошта ва чи дар дохили Тоҷикистон бештар ба назар мерасанд, ки ба роҳҳои нодуруст бурдаистодааст ва таҳти назорати доими падару модарон дигар фаъолон қарор дода шавад, гуфта шуд. Дар идомаи суҳбат оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои мухталиф ба ҳозирин шарҳ дода шуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки таваҷӯи Ҳукумати мамлакат махсусан Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои наҷибу ғамхориҳои зиëде баҳри ҳавасмандии насли наврасу ҷавонон пеша гирифтаанд, ки зиëд намудани теъдоди стипендияи Президентӣ дар кишвар, пешниҳоди озмунҳои ҷумҳуриявӣ, бунëди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ ва ҷавобан ҳар як ҷавони ватандўстро мебояд баҳри пешрафт гулгулшукофоӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ хизмати содиқона нишон дода, нагузоранд, ки ҳеҷ чашми бади душман ба ин сарзамини аждодиямон афканад. Маврид ба зикр аст, ки дар идомаи вохўрӣ, масъулин сухан атрофи фарҳанги пушидани либосҳои миллӣ, аз зинаи сеюми таҳсил дур мондани ҷавонон ва волидайн дар интизому сифати таълими фарзандони хеш, баҳри расидан ба ниятҳои нек нисбати онҳо ҳарчи бештар диққати зарури дода шавад. Сипас, аҳли ҳозирин, аз ҷумла Хол Қурбон ва Аскаров Шералӣ ба сухан баромада, барои рушди маҳал пешниҳоду дархостҳо намуда, аз баргузории чунин як вохўрии судманд таассуроти хуб бардошта, бо шукургузори аз фазои орому осоишта, сиёсати хирадмандонаву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳбарияти ноҳия изҳори сипосу миннатдорӣ баён намудаанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод