Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

06.02.2023 / ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МЕҲРОБОД



       Дар доираи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод вохўрии раиси ноҳия муҳтарам Ҷобирзода Додарҷон Пулод бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо оид ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоивю иқтисодии ноҳия дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 дар бинои бахши фарҳангӣ Ҷамоати деҳоти Меҳробод доир гардид. Дар оғози вохўрӣ ҳисоботи раиси Ҷамоати деҳоти Меҳробод оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷамоати деҳот дар соли 2022 шунида шуд. Сипас, раиси ноҳия муҳтарам Ҷобирзода Додарҷон Пулод оид ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисоди Ҳукумати мамлакат дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 ки санаи 24 январи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд ба сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳробод расонд ва чунин иброз намуд: ҷиҳати пешгири шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, терроризм ва экстремизм амалии намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои соли 2021-2025», даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ҷиҳати пешгирии никоҳи хешу таборӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омўзгорӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот, тозаю озода нигоҳ доштани мавзеҳои таърихӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ба танзим даровардан ва паст намудани нархи маводҳои хўрокворӣ, ғайри мақсаднок истифода накардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани корҳои идеологӣ дар байни ҷомеа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Баъдан раиси ноҳия оид ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён намуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хорҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Паёми Сарвари давлат аз оғоз то охир ба рушди ҳамаҷонибаи кишвари азизамон нигаронида шуда буд. Дар фарҷом сокинони Ҷамоати деҳот собиқадори хизмати давлатӣ Андалебов Аслиддин иброз намуд, ки бо итминони комил гуфта метавонем, ки Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳама сармашқи фаъолияти худ қарор дода ва барои истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшида ин санаи муҳимро бо тўҳфаҳои арзанда истиқбол мегирем. Бо ҳамин корӣ вохўрӣ ҳусни анҷом бахшида шуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод