Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

06.02.2023 / НАҚШИ ПАЁМ ДАР ҲАЁТИ СИЁСИВУ ИҶТИМОИИ ҶАВОНОН



       Дар доираи нақша чорабиниҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия силсила вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ баргузор гардида истодааст. Имрӯз дар деҳаи Хулозии Ҷамоати деҳоти Муҷихарф вохӯрии судманд миёни сокинон доир гардид. Дар ин вохӯрӣ раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод ва дигар масъулин иштирок ва суханрони намуданд. Бояд гуфт, ки дар вохӯрӣ доир ба самтҳои Паём ва ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод