Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

06.02.2023 / Шарҳу тавзеҳи Паём ба сокинони ноҳия



       Тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ суҳбату вохӯриҳо байни сокинони ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз ин вохӯрӣ пеш аз ҳама расонидани мухтавои паёми Президенти Чумхурии Тоҷикистон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумхурӣ» буд. Дар вохӯрӣ раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия иштирок доштанд. Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода баромад намуда, нуқтаҳои муҳими паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишварро шарҳу тавзеҳ намуданд. Ҳамчунин қайд карданд, ки тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯсти созандагиву бунёдкорӣ ва ихтиёран ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар яки мо буда, танҳо ба ин васила мо метавонем дар таъмини амният ва сулҳу суботи кишвар саҳми арзандаи худро гузорем. Дар анҷом раиси ноҳия бо шукургузорӣ аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату ҳукумат изҳори сипосу минатдорӣ баён намуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод