Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

26.01.2023 / Ҷишни Сада дар ноҳияи Нуробод



       Сокинони ноҳияи Нуробод ҷашни Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хос ва рӯҳи болида пешвоз гирифтанд. Ба ин муносибат дар маркази ноҳия чорабинии идона бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ярмаркаи ниҳол, маҳсулоти кишоварзӣ ва гулу буттаҳо баргузор гардид, ки дар он аз тамоми ҷамоатҳои ноҳоя сокинон ҷамъ омада, аз намоиши маҳсули дастони ҳунармандони ноҳия дидан намуданд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Шоҳиён Маҳмад Бала баромад намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин ҷаши қадимаи миллӣ табрик намуд, изҳор дошт, ки ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи нахусти баҳорро оварда, деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамояд. Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо савту навои дилнишин хотири ҳозиринро шод намуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод