Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

29.12.2022 / АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ



       Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи таҷлили Соли нави мелодии 2023 дар қисми низомии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи Модар-Ватан машғуланд, бо иштироки раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Пулод ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар қисми низомии мазкур вохӯрии судманд баргузор гардид. Раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Пулод тамоми афсарону сарбозонро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Ҳамчунин, дар рафти аёдат аз ҷониби раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Пулод ба сарбозони қисми низомии мазкур тӯҳфаҳои идона ва маводи ғизоӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ кумак расонида шуд. Ин иқдоми хайрхоҳона руҳияи сарбозонро баланд бардошта дар ҳимояи марзу буми Ватани азизамон камари ҳиммат мебанданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод