Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

23.12.2022 / Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати роҳнамо



       Бо мақсади пурра расонидани мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва ҷамоатҳои деҳот сокинони ноҳияи Нуробод пахши мустақими суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тариқи телевизион тамошо карданд. Ҳамчунин дар ин рӯз шабакаҳои радиоӣ низ аз ҷараёни Паём гузориши мустақим пахш намуданд, то аз руйдодҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон огаҳӣ ёбанд. Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар чун зинаҳои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ба шумор рафта, бо шарофати заҳмати софдилонаи мардуми кишвари азизамон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои азиме дида мешавад. Ин аст, ки ҳамасола бобати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот, ташкили ҷойҳои нави корӣ бунёди корхонаҳои саноатии пешбинишуда дар доираи барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад. Бо шарофати пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия вусъати тоза касб намуда истодааст. Аз ҷумла, аз паём то паём дар қаламрави ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иншоотҳои таъиноти гуногуни халқ сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамин тариқ, сокинони ноҳияи Нуробод бо дастгирӣ аз сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ шудани нишондодҳои Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона заҳмат мекунанд, то кишвари азизамон боз ҳам ободу зеботар шавад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод