Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

24.11.2022 / Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод



       Имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Нуробод- шаҳраки Дарбанд ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкати фаъолона намуданд. Гузашти корвони мошинҳо ва теъдоди зиёди иштирокдорон, хусусан ҷавонон дар даст Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳпаймоӣ ҳусни хосса мебахшид. Расмҳои Ҷаноби Олӣ, иншооти азими аср, ва манзараҳои дилрабои Тоҷикистон аз сиёсати хирадмандона, ободӣ, пешрафт ва гул-гулшукуфоӣ Тоҷикистони азиз шаҳодат медод. Роҳпаймоён пас аз сайри масофаи муайян дар зери Парчаме, ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия бо баландии 48 метр қомат афрохтааст ҷамъ омаданд. Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки Парчами давлатӣ барои ҳар як халқу миллат, аз ҷумла барои мо- тоҷикон, муқаддас аст.Ҷашни Рӯзи Парчам- эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати кӯҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд, мебошад. Яъне, ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Курӯши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост. Ҳамчунин, баромадкунандагон аз таърих ва пайдоиши Парчам ҳамчун рамзи сулҳу ваҳдат, иттиҳоду ягонагӣ, дӯстию ҳамдилӣ изҳори назар намуда, арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди ватандӯсти кишвар арзёбӣ намуданд. Сипас, барномаи рангини ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, манзури иштирокчиён гардид, ки ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ шукӯҳи бештар бахшид.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод