Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

15.11.2022 / Таҷлили Ҷашни 30-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози миллат.



       Санаи 15.11.2022 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, оиди фаъолияти пурсамари Президенти кишвар суханронӣ намуд. Зикр намуд, ки Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазой нави сиёсй буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба уҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Воқеан ҳам Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз карда, сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд. Сипас, баромадкунандаҳо прокурори ноҳия Сафарзода Бахтибек, раиси суди ноҳия Зуҳурзод Неъматулло, раиси комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи ноҳия Хол Қурбон Бег, собиқадори хизмати давлатӣ Аслонов Мирзомуддин ва намояндаи занону бонувон Ҳакимова Соҷида ба сухан баромада, оиди аз давраи баргузории Иҷлосия то ба ин давра бо таҳлилҳо саҳми Президенти мамлакатро арзанда ҳисобиданд. Ҳамчунин, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шуъбаи маориф,тандурустӣ ва коллеҷи муҳандисию техникии ноҳия маҳсули дастранҷ ва дастовардҳои хешро дар замони соҳибистиқлолӣ ба маъразӣ тамошо гузоштанд. Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ хотири аҳли ҳозиринро болида гардониданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод