Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

09.11.2022 / Таҷлили Рӯзи милитсия дар ноҳияи Нуробод



       Бахшида ба таъсисёбии «Рӯзи милитсия» дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод полковники милитсия Саидзода Комилҷон Сафар ба маҷлиси тантанавӣ ҳусни оғоз бахшида, оиди фаъолияти милитсияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо маърӯза баромад кард. Сипас раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба Иди касбиашон шодбош гуфта, саҳми онҳоро дар ҳифзи тартибот ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар ноҳия арзанда номид. Кормандони милитсияро раиси суди ноҳия Зуҳурзод Неъматулло Ҳиммат, пракурори ноҳия Сафарзода Бахтибек ва собиқадор Муминшо Собиров, ба Рӯзи милитсияи тоҷик табрику муборакбод намуданд. Дар ҷамъомад, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ШВКД-и ноҳия ба як зумра собиқадорон, кормандони фаъоли ШВКД-и ноҳия ва оилаҳое, ки саробон ё фарзандонашон ҳангоми барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод