Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

04.11.2022 / Ҳуҷҷати роҳнамо



       Бахшида ба «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода дар симои ҳозирон кулли мардуми ноҳияро шодбош гуфт. -Агарчи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ Конститутсияи худро дошт, вале барои муайянсозиву фарогирии ҳамаи сохтори давлатдорӣ, зарурати аз нав қабул намудани Конститутсия ба миён омад. Ҳамин тариқ, бо таҳияи матни нав, Конститутсия ба муҳокимаи мардум пешниҳод шуда, бо ба инобат гирифтани фикру дархостҳои ҷолиб, 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул шуд, ки чун рӯйдоди фараҳбахш дар таърихи давлатдории тоҷикон бо хатҳои зарин сабт гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шинохти конститутсияҳои давлатҳои демократӣ ва мутараққии олам дохил гардида, он азму ирода ва мақсаду мароми ҳамаи миллатҳои Тоҷикисторо баён менамояд. Дар он халқ баёнгари соҳибихтёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардидааст. Мувофиқи моддаи 1 Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Конститутсия, вақеан, шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад, омадааст, дар табрикоти раиси ноҳия. Дар маҷлиси тантанавӣ пракурори ноҳия Сафарзода Бахтибек, раиси суди ноҳия Зуҳурзод Неъматулло ва мудири бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ Лутфияи Сохибназарӣ баромад намуда, Конститутсияро чун ҳуҷҷати раҳнамо дар ҳамаи самтҳо ва ба он се маротиба илова шудани тағйиру иловаҳоро тақозои замон номиданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод