Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

Ғазозода Ҳабибулло Назар

Муовини раиси ноҳия


    ЃАЗОЗОДА ҲАБИБУЛЛО НАЗАР 10 июли соли 1971 дар деҳаи Хоҷа Айнии ҷамоати И. Ҳалимов, ноҳияи Нуробод ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1994 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси механиконии кишоварзӣ хатм кардааст. Фаъолияти кориашро аз солҳои 1995 ба ҳайси муҳандис-механики корхонаи воҳиди «Парвиз»-и ноҳияи Нуробод оѓоз намудааст. Солҳои 2000-2002 роҳбари хоҷагии ёрирасони «Роѓун» дар назди Вазорати оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2002-2004 роҳбари хоҷагии ёрирасони «Роѓун»-и ноҳия кор кардааст. Солҳои 2004-2008 раиси Ҷамоати деҳоти Яхак-Юсти ноҳияи Нуробод таъин гардид. Солҳои 2008-2015 роҳбари хоҷагии хурди деҳқонии «Маҳмадназар» дар ноҳияи Данѓара фаъолияти кори намудааст. Солҳои 2015-2021 раиси ҷамоати деҳоти ба номи Иззатуло Ҳалимов кор ва фаъолият намудааст. Аз 12 июли соли 2021 муовини раиси ноҳия таъин шудааст.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод