МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: Featured

  • Posted on:  Душанбе, 02 Агусти 2021 10:54
  • K2_WRITTEN_BY  Маҳмудов Зокирҷон

1.Дар дастгоҳи раиси ноҳия

1. Сармутахассис-сармуҳосиби дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1076 сомонӣ.

2. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия 1 – ҷой, маоши мансабӣ 724 сомонӣ.

II. Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

3. Сармутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1076 сомонӣ.

4. Мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 883 сомонӣ.

5. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 883 сомонӣ.

6. Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 883 сомонӣ. 7. Мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия1 ҷой, маоши мансабӣ 724 сомонӣ.

8. Мутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 724 сомонӣ.

III. Дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:

1. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати деҳоти Муҷихарф – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1028 сомонӣ.

2. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати деҳоти Хумдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1028 сомонӣ.

3. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати шаҳраки Дарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1028 сомонӣ.

4. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Муҷихарф – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1028 сомонӣ.

5. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Меҳробод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1028 сомонӣ.

6. Сармутахассиси (сармуҳосиб) Ҷамоати шаҳраки Дарбанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1028 сомонӣ.

7. Сармутахассиси (сармуҳосиб) Ҷамоати деҳоти Муҷихарф - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1028 сомонӣ.

8. Мутахассиси пешбари (робита бо ҷомеа) Ҷамоати деҳоти Хумдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 841 сомонӣ.

9. Мутахассиси пешбари (кор бо хоҷагиҳо) Ҷамоати деҳоти Муҷихарф – 1 ҷой, маоши мансабӣ 841 сомонӣ.

10. Мутахассиси пешбари (робита бо ҷомеа) Ҷамоати деҳоти Муҷихарф – 1 ҷой, маоши мансабӣ 841 сомонӣ.

11. Мутахассиси пешбари (соҳаи хоҷагии қишлоқ) Ҷамоати деҳоти Меҳробод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 841 сомонӣ.

12. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Муҷихарф - 1 ҷой, маоши мансабӣ 841 сомонӣ.

13. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 841 сомонӣ.

14. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Меҳробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ 841 сомонӣ.

15. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Сафедчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ 841 сомонӣ.

16. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати шаҳраки Дарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ 841 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: 

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 4х6;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №38;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

- маълумотнома (справка- объективка). Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: ноҳияи Нуробод, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, телефонҳо: 8(3133) 30-0- 30; 30-0-39; 985 42 52 84; (Назригул Шамсиева). Қабули ҳуҷҷатҳо давоми 21 рӯз аз санаи нашри эълони озмун дар рӯзномаи расмии ноҳия-«Нури Нуробод».

Хондан 1594 times Тағйироти охирон: Сешанбе, 03 Агусти 2021 14:13

Шарикон