Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади дарёфти ҳунармандони варзида ва рушди ҳунармандиву косибӣ дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳия тадбирҳои судманд амалӣ гашта истодааст.
Бо қарори Раиси ноҳия нақшаи чорабиниҳо иборат аз 16 банд ва бо амри Раиси ноҳия озмун барои дарёфти беҳтарин ҳунарманду косиб ва кадбону дар байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия эълон гардида, комиссияи босалоҳият барои дар сатҳи баланд ташкил намудани намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва инъикоси он тавассути ВАО дода шуд.
То имрӯз рӯйхати тамоми ҳунармандон ва косибон ҷамъоварӣ гардида, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии сокинони деҳоти Сафедчашма ва Комсомолобод ба маърази тамошо гузошта шудааст.