I .Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:
1.Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия - 1ҷой, маоши мансабӣ 1258 сомонӣ.
2.Сармутахассиси бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ.
3.Сармутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия - 1ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.
4.Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансаби 768 сомонӣ.
5.Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансаби 768 сомонӣ.
6.Мутахассиси пешбари бахши бойгонии ноҳия- 1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ.
7.Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ.
8.Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия - 1 ҷой маоши мансабӣ 768 сомонӣ.
9.Мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 600 сомонӣ.
10.Мутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 600 сомонӣ.
I.Дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:
1.Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Xамоати деҳоти Муҷихарф - 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.
2. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Xамоати деҳоти Муҷихарф -1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ.
3. Мутахассиси (нозири андоз) Xамоати деҳоти Муҷихарф - 1ҷой, маоши мансабӣ 600 сомонӣ.
4.Сармутахассиси (муҳандис- заминсоз) Xамоати деҳоти Ҳакимӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.
5.Мутахассиси пешбари (робита бо ҷомеа) Xамоати деҳоти Ҳакимӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ.
6. Сармутахассиси (муҳандис – заминсоз) Xамоати деҳоти Хумдон -1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.
7.Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Xамоати деҳоти Хумдон -1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ.
8. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Xамоати шаҳраки Дарбанд- 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.
9. Сармутахассиси – сармуҳосиби Xамоати деҳоти Сафедчашма – 1 ҷой маоши мансабӣ 894 сомонӣ.
10. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Xамоати деҳоти Сафедчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ.
11. Мутахассиси (нозири андоз) Xамоати деҳоти Сафедчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ 600 сомонӣ.
12. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана, ҷашну маросими Xамоати деҳоти Комсомолобод – 1 ҷой маоши мансабӣ 894 сомонӣ.
13. Мутахассиси пешбари (робита бо ҷомеа) Xамоати деҳоти Комсомолобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ.
14. Мутахассиси пешбари (соҳаи хоҷагии қишлоқ) Xамоати деҳоти Комсомолобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ.
15. Мутахассиси (нозири андоз) Xамоати деҳоти Комсомолобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 600 сомонӣ.
16. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Xамоати деҳоти Комсомолобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ.
17. Сармутахассис - сармуҳосиби Xамоати деҳоти ба номи И. Ҳалимов – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи ) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи РМА (рақми мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №38;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
- маълумотнома (справка объективка).
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири шуъба:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати бо роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донандаи хуби забони давлатӣ, як забони хориҷӣ ва бо таври аъло кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
ноҳияи Нуробод, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо,
телефонҳо: 8 (3133) 30-0-30, 30-0-39, 985 42 52 84 (Шамсиева Н.), 918 97 50 99 (Исломов И.),
Қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз санаи нашри эълони озмун дар нашрияи расмии ноҳия.