МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

ВОХӮРИИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЗОКИРЗОДА МАҲМАДТОИР ЗОИР БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ НУРОБОД

  • Posted on:  Панҷшанбе, 13 Январи 2022 11:51
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисон ва кормандони дастгоҳи ҷамоатҳои деҳот, шахсони бонуфуз, сарварони мактабҳо, фаъолзанон, ҷавонон ва дигар қишрҳои аҳолӣ иштирок доштанд.

Ҳадаф аз ин вохӯрӣ пеш аз ҳама расонидани мухтавои паёми Президенти Чумхурии Тоҷикистон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумхурӣ» буд.

Дар анҷом раиси ноҳия Д. Ҷобирзода бо шукургузорӣ аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату ҳукумат ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир барои баргузории чунин вохӯриву мулоқотҳои таъсирбахшу пурмуҳтаво, аз номи аҳли ноҳия изҳори сипосу минатдорӣ баён намуданд.

  

Хондан 52 times Тағйироти охирон: Шанбе, 15 Январи 2022 09:32

Шарикон