МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Маҷлиси васеъи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод баргузор гардид.

  • Posted on:  Сешанбе, 11 Январи 2022 14:34
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳраки Дарбанд ноҳияи Нуробод маҷлиси васеъи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода, аъзоёни Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.

Маҷлисро раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод Саъдуллоев Саломатшо кушода намуд, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳисобот дод.

Раиси ноҳия Д. Ҷобирзода баромада, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба масъалаҳои муҳокимашаванда баён намуданд.

Дар охири маҷлис барои таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа ва саҳми муносиб гузоштан дар маъракаи обуна ба рӯзномаи “Минбари халқ” бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод сарфароз гардонида шуданд ва ба нафароне, ки бори аввал ба сафи ҲХДТ қабул гардиданд бо иштироки раиси ноҳия шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба онҳо супорида шуд.

Хондан 47 times

Шарикон