МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Натиҷагири аз ҷамъбасти сол

  • Posted on:  Панҷшанбе, 06 Январи 2022 08:09
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳия дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид.

Муовини якуми раиси ноҳия М. Шоҳиён баромад намуда, оиди ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳия дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 ҳисобот дод.

Дар маҷмӯъ натиҷаҳо қаноатбахш буда, комёбиҳо дар ҳама бахшҳо назаррас арзёбӣ гардид.

Раиси ноҳия Д. Ҷобирзода дар баромади таҳлилии худ масъулинро вазифадор намуд, ки барои баҳри ислоҳу бартараф намудани камбудиҳои дар соли 2021 ҷой дошта чораву тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон ба масъулин амалӣ гардидани нишондодҳои Паёми навбатиро супориш дод.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Хондан 62 times

Шарикон