МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

САРЗАМИНЕ БЕ ТАБУ ТОБИ ҲАЁТ Featured

  • Posted on:  Душанбе, 22 Ноябри 2021 21:35
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Фарзанди Муҳаммад Иқбол – Ҷовид Иқбол дар китоби хотироташ бо унвони “Зиндарӯд” оварда, ки моҳи сентябри соли 1933 қиблагоҳаш бо чанде аз фарҳангиёни Ҳинд бо даъвати Нодиршоҳ – шоҳи Афғонистон ба ин сарзамин меоянд. Зеро дар нақша будааст, ки як донишгоҳи ҷадиде дар Кобул таъсис дода, омӯзишу парваришро бо усули ҷадид, бо маслиҳати Иқболу чанде ёронаш, ба роҳ бимонанд. Дар як мусоҳибааш Иқбол бо як ҷумла ин ибтикоротро шарҳ додааст: “Насли ҷавони ин кишвар хостори фарогирии улуми ҷадид ҳастанд ва мехоҳанд онро бо дину тамаддуни хеш созиш диҳанд...”.

 

Масъалаи дигаре, ки Иқболро аз диду дарёфти вазъи мулки афғон ба ташвиш овард, масъалаи тарбият будааст. Аҷиб фармудае дорад Иқбол, ки чун шиор бояд барои ҳама милали дунё хидмат кунад: “Миллатҳо бо кумаки шуаро ба вуҷуд меоянд ва бо кумаки сиёсатмадорон рушд мекунанд ё аз байн мераванд. Лизо дархости ман ин аст, ки шуарои Афғонистон ва нависандагони ин кишвар дар ҷисми муосирони худ он рӯҳеро бидамонанд, ки онҳо тавонанд худро бишносанд.”

Тамошои шаҳрҳои Кобулу Ғазнӣ ва Қандаҳор Иқболро ҳам шефта ва ҳам пурандӯҳ карда буд. Аз як сӯ ифтихор аз гузашта ва аз сӯйи дигар - афсӯсу надомат аз ин ки кишвар ҳоли табоҳе дорад, ақвомаш парешон, мамлакате саросар бесаводиву ифроту таассуб... Ва Иқбол дар ҷаласае ошкоро хулосаи хешро мегӯяд: “Афғонистон ба марде эҳтиёҷ дорад, ки ин кишварро аз зиндагии фирқаӣ бадар оварад ва мардумро ба ваҳдату ягонагии миллӣ ошно созад...”.

Дар такшуури Иқбол аз сафараш ба ин мамлакат нороҳатие эҷод шуд: кишваре, ки мардумонаш иттиҳод надорад, фирқа-фирқа бо хостаҳои хеш дар дину оин ва суннатҳо ба сар мебарад, расму одатҳои қурунивустоӣ то кунун побарҷост...

Аз дидаву шунидаҳо Иқбол маснавие таълиф кард бо унвони “Мусофир”. Аз нигоҳи ин мутафаккир, Афғонистон сарзаминест паҳновар, пур аз “боғу роғу дашту ҷар”, мамлакате дар қалби Осиё, дурдонаи Осиё, мавқеи ҷуғрофиаш боиси рашки даҳҳо кишвари дигар. Дар сурати мавҷудияти иттиҳоду ҳамбастагии қавму қабилаҳо, дар ҳоли ҷо кардани ғояи рушду тараққӣ тавассути илму дониш дар мағзи мардум, огоҳ кардани омма аз он ки бепарвоӣ ва нотифоқӣ оқибат онҳоро ба муддатҳои тӯлонӣ дар “асорат”-и абарқудратҳо хоҳад гузошт, зарурати як ислоҳоти фарогире, ки бояд аз омӯзишу парвариш оғоз шавад, ин мулк комилан тағйири вазъ хоҳад кард, аммо...

Дар байтҳои зер аз маснавии “Мусофир” Иқбол сарнавишти талхи ин мамлакатро 88 сол қабл пешгӯӣ кард ва имрӯзҳо дар кулли расонаҳои олам чизи дигаре шарҳ намеёбад, ба ҷуз ҳамон дардҳои куҳнае, ки Иқбол дар ин маснавӣ ба онҳо ишора карда буд:

Тай намудам боғу роғу дашту дар,

Чун сабо бигзаштам аз кӯҳу камар.

Хайбар аз мардони Ҳақ бегона нест,

Дар дили ӯ сад ҳазор афсонаест.

Ҷода кам дидам аз ӯ печидатар,

Ёва гардад дар хаму печаш назар.

Сабза дар домони кӯҳсораш маҷӯй,

Аз замираш барнаёяд рангу бӯй.

Сарзамине, кабки ӯ шоҳинмизоҷ,

Оҳуи ӯ гирад аз шерон хироҷ.

Дар фазояш ҷуррабозон тезчанг,

Ларза бар тан аз ниҳеби шон паланг.

Лекин аз бемарказӣ ошуфтарӯз,

Бенизому нотамому нимсӯз.

Фарри бозон нест дар парвозашон,

Аз тазарвон пасттар парвозашон.

Оҳ, қавме бе табу тоби ҳаёт,

Рӯзгораш бенасиб аз воридот.

Он яке андар суҷуд, ин дар қиём,

Кору бораш чун салоти беимом.

Рез-рез аз санги ӯ минои ӯ,

Оҳ, аз имрӯзи бефардои ӯ!

Он чизе, ки барои Иқбол дар он замон таассуфангез буд ва имрӯз барои мо низ хеле дарднок, ҳамин аст, ки қавму қабоили ин сарзамин нисбат ба сарнавишташон беэътиноянд. Яқинан, ин мисраъҳои Иқбол ишора ба куҳанпарастии онҳо мекунад:

Шиква кам кун аз сипеҳри лоҷвард,

Ҷуз ба гирди офтоби худ магард.

Аз мақоми завқу шавқ огоҳ шав,

Заррае сайёди Меҳру Моҳ шав.

Олами мавҷудро андоза кун,

Дар ҷаҳон худро баландовоза кун.

Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,

Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.

Даргузар аз рангу бӯҳои куҳан,

Пок шав аз орзуҳои куҳан.

Ин куҳансомон наарзад бо ду ҷав,

Нақшбанди орзуи тоза шав.

Зиндагӣ бар орзу дорад асос,

Хешро аз орзуи худ шинос...

Ҳоло, ҳамин шабу рӯзҳо, ҳар вақте сухан аз фоҷеоти Афғонистон равад,  коршиносони ҳирфаӣ мегӯянд, ки ин кишвар мудом фирефтаи абарқудратҳо, майдони бозиҳои пуштипардагии онҳо, василаи ситонидани қасоси ҳамдигар шудааст. Ҳар тарафе тавассути ин кишвари чиҳил сол боз оғӯштаи хун манфиатҳои хешро таги чашм дорад.

Ду ҷанги инглису афғон, ҳузури русҳо дар тӯли 10 сол (1979-1989) ва 20 соли ҳузури амрикоиҳо (2001-2021) гӯиё натиҷае надоданд: як тӯда саропо мусаллаҳ ҳам бо аслиҳа ва ҳам бо идеяи асримиёнагии ташкили давлати фундаменталистии динӣ, ки асосан аз як қавми афғонҳо иборатанд, дар ду ҳафтаи баъди “фирор”-и амрикоиҳо ҳама орзуву умедҳои ҳаёти ҷадидро барҳам заданд: ҳам тарзи ҳаёти сусиёлистие, ки русҳо тӯли даҳ сол таҳмилашон карда буданд (ба ҳар ҳол, сохтмони макотиб, беморхонаҳо, роҳҳо, иншооти обёрӣ ва дигар инфрасохтори лозим барои тараққиёт) ва ҳам кумаки амрикоиҳо барои мусаллаҳ кардани артиш ва дар мағзи афғонҳо ҷой кардани арзиши ҳуқуқи инсон (тавассути лоиҳаҳо, ҷалби бонувон ба корҳои иҷтимоӣ, озодии афкору баён, расонаҳои мустақил, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра, дар маҷмӯъ – 2 триллион доллар) ҳамагӣ барбод рафт. Аз онҳо нишоне намонд. Фазои Афғонистонро абри сиёҳе фаро гирифт ва акнун касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки боз кай хуршеди озодиву истиқлоли давлат, офтоби ҳаёти шоиста барои ҳар сокини ин мулки ҷафодида аз нав тулӯъ хоҳад кард...

Ин ҳаводиси фалокатбор айнан сужа, сохтор ва дарунмояи фоҷиаҳои (трагедияҳои) қадимро ба ёд меорад. Тибқи назарияи жанри фоҷиа ду неру – доду бедод, неку бад, ҷаҳолату дониш, сапедиву сиёҳӣ, хуллас, ду қувваи ба ҳам зид дар муборизаи беамон мешаванд ва баръакси пиндори доимии мо, ки некӣ бояд бар бадӣ пирӯз гардад, бадӣ бар некӣ ғолиб меояд, қаҳрамонони мусбат, ки барои идеалҳои баланду пок мубориза мекунанд, қурбони қувваҳои сиёҳ мешаванд, ба таври фоҷиавӣ ё кушта мешаванд ё ба гунае дигар мемиранд.

Аммо дар ин навъи драма хулосааш муҳим аст: ҳатман назаре ҷадид, омӯзанда ва идеяи тоза тавлид мешавад. Фаразан, дар фоҷиаи “Филоктет”-и Софокли юнонӣ (496-406 қабл аз милод), ки аз ҷанги қабоили юнонӣ (ахеиҳо) ва трояниҳо ҳикоят мекунад, хулоса ҳамин аст, ки ба хотири манфиати умум (яъне ватан) бояд аз манфиатҳои шахсӣ (фардӣ) чашм пӯшид. Боке нест ва амри хайр аст, ки инсон ҷони хешро, ки ниҳоят азиз аст, барои ватан фидо бикунад ё аз баҳри дороиҳояш гузарад...

Дар фоҷиаи “Макр ва муҳаббат”-и Фридрих Шиллер (Олмони асри XVIII) поёни андеша ҳамин аст, ки дар ҷомеаи зулму истибдод пирӯзии муҳаббати босидқу сафои намояндагони ду тоифа – яке аз қишри бедоди ҳоким ва дигаре аз табақаи бошарафи пойин ғайриимкон аст... Аз ҷиҳати назарӣ, трагедия дар заминаи антагонизми байни ҷаҳду талошҳои субъективии шахсиятҳо ва омилҳои объективии амалӣ нашудани он ҷаҳду талошҳо сохта мешавад.

Аз аъмоқи таърих Афғонистон ба чунин сурат зуҳур карда ва то кунун симои худро ҳамчун як кишвари парешон тағйир надода...

Ҳоло он давраи номуайянро пушти сар мекунад, толибон ваъдаи таъсиси ҳукумати инклюзивро додаанд, эъломия пахш кардаанд, ки нисбат ба занон ва ба он қишре, ки бо ҳукумат ва сохторҳои амрикоиву дигар давлатҳои хориҷӣ алоқа дошт, кор нахоҳанд гирифт.

Бале, инҳо насли дигари толибонанд, аммо идеологияи асримиёнагиашон тағйир накардааст. Боз ҳамон қонунҳои даврони дақёнусӣ – манъи мусиқӣ дар ҳам ҷо, ҳатмӣ будани ришу фаш, занон дар зери фаранҷӣ ва даҳҳо навъи дигари нақзи ҳуқуқи инсон... Магар бо таъсиси ҳукумати инклюзив (мисол, агар шавад ҳам) оё толибоне, ки тӯли 20 сол ба хотири иморати исломӣ мубориза кардаанд, аз баҳри ин идеология мебароянд? Оё иҷоза медиҳанд, ки унсурҳои асосии демократӣ, аз қабили интихоботи озод, ширкати фаъоли занон дар корҳои давлату ҷомеа, плюрализми афкор ва ғайра мавҷуд бошанд? Итминон дорам, ки ин ваъдаи толибон то замоне хоҳад буд, ки дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеъ пайдо кунанд, онҳоро, ҳадди ақал ду-се абарқудрат ба расмият бишносанд...

Мавқеи Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат зимни мулоқот бо вазири хориҷаи Покистон дар сархати расонаҳои дунё қарор гирифт, ки се асли бунёдӣ дорад: аввалан, маҳкум кардани беқонунӣ нисбат ба мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикону ӯзбекҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ, дувум, дар ҳукумати инклюзив ҳатман ҷойи сазовору шоиста гирифтани тоҷикон, сеюм, бо роҳи раъйпурсӣ муайян кардани сохтори давлат. 

Дар боло ишора кардем, ки ҳастии маънавии миллатҳо маҳз дар адабиёташон бозтоб меёбад ва маҳз адабиёт василаи беҳтарини ошноии дигарон аз ҳолу вазъи ин ё он миллат аст. Аз ин ҷиҳат, фоҷиаи Афғонистонро аз нависандаи афғонтабори муқими Амрико, ки ҳоло дар айни камолоти эҷодист, яъне Холид Ҳусайнӣ, дар каломи бадеъ касе беҳтар ифода накардааст. Соли 2003 романи машҳури ӯ бо номи “Бодбодакбоз” ва баъдан романи дигараш – “Ҳазор офтоби тобон” чоп шуд, ки тирожи ҳарду роман 40 миллионро дар бар гирифт.

Аз “Бодбодакбоз” бори нахуст ҷомеаи фарҳангии дунё аз тарзи зист ва муаммоҳои ҳастии афғонистониҳо, расму ойин ва тазодҳои миёни қавму қабоили ин кишвар огоҳ гашт. Як қисмати ин роман воқеаи ба сари ҳокимият омадани толибон ва зулмеро, ки ба сари мардуми бечораи афғон бор мекарданд, фаро мегирад. Нобаробариҳои қавмӣ лейтмотиви асар аст, дигар масъалаи шарафу номуси миллист, эътибори инсоние, ки болотар аз ҳама арзишҳои дигар аст.

Дар қисмати 17-уми роман танҳо бо баҳонаи аз қавми ҳазора буданашон Ҳасан ва ҳамсараш Фарзона кушта мешаванд, ягона фарзандашон - Суҳроб аввал ба хонаи ятимон ва баъд ба ихтиёр ва истимори толибон вогузор мегардад. Дар роман лаҳзаҳое ҳаст, ки ботини касро тагурӯ мекунанд, эҳсоси нафрати фаровонеро ба ин гуна “соҳибони нави дин” бедор месозанд. Дар қисмати 21-ум – сангсор кардани гунаҳкорон дар варзишгоҳи Кобул, мисли набарди гладиаторҳои Рими бостон. Дар қисмати баъдӣ гуфтугӯи ду рақиби сарсахт – яке Амир, ки аз Амрико барои наҷоти писари дӯсти шаҳидаш омадааст ва дигаре – Осаф, сарвари толибон оварда шудааст.

- “Кадом рисолат? Бо санг куштани ҳамсарони бевафо? Таҷовузи тифлон? Қамчинкориву лабу даҳан буридани занон барои пошнаҳои баланд? Бидуни гуноҳе сари ҳар қадам куштани ҳазораҳо? Ва ҳамаи ин ба хотири ислом?...”.

Аз таълифи ин романи воқеан хонданӣ 18 сол сипарӣ шуд. Ҳоло ин адиб хазинаеро таъсис додааст ва мунтазам барои мардуми дармондаву бечораи афғон аз ҳисоби худаш молу коло мефиристад. ӯ чанде пеш дар шабакаи Фейсбук дарду аламашро муфассалан навишта, ба хулосае омадааст, ки “толибон тағйир накардаанд...”. Наворҳои тоза аз Ҳирот (аз бераҳмии толибон нисбат ба аҳолӣ) ӯро чунон ба танг оварда, ки менависад: “Агар толибон тағйир накардаанд ва чизе ба онҳо монеъ намешавад, ки қонунҳои ваҳшиёна ва ғайриинсонии худашонро ба сари мардуми пуртоқат таҳмил кунанд, пас, чӣ бояд кард? Бо занону духтарон чӣ мешавад? Ман ҷавобе надорам. Ҳаминро медонам, ки қалбам пур аз ғам аст...”.

Аслан, сабабу иллати ба фоҷиаҳои паёпай гирифтор шудани мардуми Афғонистон  ба қавли Аъзам Раҳнаварди Зарёб, адиби хушноми афғон, ақибмондагии фарҳанг аз тамаддун дар ин кишвар аст. Идомаи андешаи ӯ бисёр ҷолиб аст: “Тамаддунҳои ғарбӣ дар кишварҳои шарқӣ хеле зуд тавонистанд роҳ ёбанд, аммо фарҳанге, ки тамаддунро ҳамроҳӣ кунад, ақиб монд. Робитаи фарҳангу тамаддун чист? Худи тамаддун чист? Ба ақидаи ман, тамаддун талоши одамӣ барои осон сохтани зиндагист. Барои мисол, одамӣ хост фосилаҳоро кӯтоҳ бисозад, дар натиҷа мошинро сохт. Талоши одамӣ барои кӯтоҳ сохтани фосилаҳо мошинро ба вуҷуд овард. Аммо вақте мошин ба вуҷуд омад, лозим буд, ки ду мошин ба ҳам барнахӯранд, лозим буд ин мошин маҳдудиятҳоеро бипазирад. Дар натиҷа муқаррароти ронандагӣ ба вуҷуд омад, ки дарвоқеъ, фарҳанги ронандагист. Яъне, мошин аввал ба вуҷуд омад, ки унсури тамаддун аст, баъд муқаррароти ронандагӣ ба вуҷуд омад, ки фарҳанги марбут ба мошин аст. Шумо мебинед, ки мо охирин мудели мошинҳоро дар Кобул дорем, аммо фарҳанги ронандагӣ надорем. Фарҳанг бо мошин якҷо намеояд. Бад-ин сон ҳама ҷанбаҳои тамаддун ба кишварҳои шарқӣ, аз ҷумла Афғонистон омад, вале фарҳанги он наомад. Тамаддунро ворид карда метавонем, аммо бисёр душвор аст, ки мо фарҳангро ворид кунем. Фарҳангро ворид карда наметавонем”.

Як унсури фарҳанг андешаи солим ва афкори озод ҳам ҳаст, аз ҷумла фарҳанги зистан дар як қаламрави бузург бо мардумони дорои хостаҳо, донишҳо ва эътиқодоти дигар. Дар маҷмӯъ, фарҳанги ватандорӣ. Адами ҳамин навъи фарҳанг Афғонистонро ба ин ҳоли бад расонд, яъне адами таҳаммулгароӣ.

Бархе муҳаққиқон ба ин назаранд, ки мардуми ин кишвар аз ибтидо фиреби дигаронро мехӯрд ва ҳоло ҳам чунин аст. Инсоф, магар мешавад, ки миллати худшиносро ба доми фиреб афкананд? Посухи Ҳаким Фирдавсӣ басо муносиби анҷоми ин суол ва умуман ин навиштор менамояд:

Киро дар ҷаҳон ҳаст ҳушу хирад,

Куҷо ӯ фиреби замона хӯрад?

Хондан 119 times

Шарикон