МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Таҷлили Рӯзи Президент дар ноҳияи Нуробод

  • Posted on:  Сешанбе, 16 Ноябри 2021 14:31
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, оиди фаъолияти пурсамари Президенти кишвар суханронӣ намуд.

Қайд карда шуд, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазой нави сиёсй буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.

Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Воқеан ҳам Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз карда, сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд.

Сипас, баромадкунандаҳо прокурори ноҳия Сафарзода Бахтибек, намояндаи занону бонувони ноҳия Ҳакимова Соҷида ва намояндаи ҷавонони ноҳия Эшонҷон Саидов, ба сухан баромада, оиди аз давраи баргузории Иҷлосия то ба ин давра бо таҳлилҳо саҳми Президенти мамлакатро арзанда ҳисобиданд.

Дар интиҳои ҳамоиш ба як зумра фаъолони ноҳия ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо тақдим гардид.

Хондан 133 times Тағйироти охирон: Чоршанбе, 17 Ноябри 2021 14:35

Шарикон