МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ноҳияи Нуробод 20.09.2021 16:20, ноҳияи Нуробод

  • Posted on:  Душанбе, 20 Сентябри 2021 17:14
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии ноҳия дидан карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши дастранҷи мардум ва ҳунармандони чирадасти ноҳияи Нуробод, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳамраъйии онҳо нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ изҳори сипос намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи эълони сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Нуробод даҳҳо марказҳои касбомӯзии хурду бузург ба фаъолият пардохтанд, ки ҷиҳати соҳибкасб гардонидани насли ҷавон нақши муассир доранд.

Пешвои муаззами миллат ба ҳунару маҳорати волои занону бонувони ноҳияи Нуробод баҳои баланд доданд.

Бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифода аз тухмиҳои хушсифат кишоварзони ноҳия мувофиқи дурнамо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, тавонистанд дар таъмини амнияти ғизоии мамалкат саҳми муносиб гузоранд. Дар самти боғдорию токпарварӣ ноҳияи Нуробод дар мамлакат мавқеи хоса дошта, маҳсулоти ниҳоии он ба бозорҳои минтақа ва шаҳри Душанбе содирот мегардад. То имрӯз майдони боғу токзори ноҳияи Нуробод мутаносибан 470 ва 2 гектарро ташкил медиҳад, ки ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда мешавад.

Хондан 184 times Тағйироти охирон: Сешанбе, 21 Сентябри 2021 09:16

Шарикон