МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Дар ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ доир гардид

  • Posted on:  Чоршанбе, 28 Июли 2021 08:28
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

         Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2013, №АП-1729 ва дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи авали соли 2021 баргузор гардид.

       Мақсад аз ташкилу баргузории нишасти матбуотӣ ин огоҳ гардидани рӯзноманигорон аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар бораи пешравӣ, рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, муайян намудани камбудию норасогиҳо, андешидани тадбирҳои судманд баҳри ислоҳи онҳо ва ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта мебошад.

      Дар нишасти матбуотӣ масъулини дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва намояндагони васоити ахбори омма аз Муассисаи давлатии «Телевизиони Тоҷикистон», «Сафина», рӯзномаи, «Ҷумҳурият» ва нашрияи ноҳиявии «Нури Нуробод», иштирок намуданд.

       Бояд тазаккур дод, ки сараввал раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2021 маълумот дода, сипас ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавобҳои мушаххас гардонид.

       Рӯзноманигорон бештар ба масъалаҳои рафти татбиқи барномаҳои давлатӣ, таъмини маркази ноҳия бо оби нушокӣ, омодаги ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва додани қарзҳои имтиёзнок ба кишоварзон мароқи бештар зоир намуданд

    

    

Хондан 160 times Тағйироти охирон: Ҷумъа, 30 Июли 2021 12:09

Шарикон