МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

ИТТИЛОИЯ Featured

  • Posted on:  Душанбе, 05 Апрел 2021 17:05
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Дар бораи иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод даъвати шашум

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати шашум баргузор гардид.

Ба рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои зерин гузошта шуда, мавриди муҳокимаи вакилони халқ қарор гирифтанд:

Аз рӯи масъалаи аввали рўзнома ҳисоботи раиси ҷамоати деҳоти Сафедчашма, вакил аз ҳавзаи интихоботии Якбара, №9 Маҳмадов Сайдашраф оиди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии деҳот ва рафти амалишавии барномаву консепсияҳои давлатӣ дар ҳудуди деҳот ироа гардид.

Аз рӯи масъалаи дуюми рўзнома ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Зорон, №24 Давлатзода Мирзоумар Кенҷа “Оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани тадбирҳои созандагиву ободонӣ дар ҳудуди ноҳия” шунида шуд.

Масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия «Ҳисоботи мудири бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Миршарифов Абдулқосим дар бораи тасдиқ намудани “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021- 2025” мавриди баррасӣ ќарор дода шуд. Масъалаи чоруми рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аз ҳавзаи интихоботии Шашволон, №14 Додаров Оятулло Мирзошарифович” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Масъалаи панҷуми рӯзномаи иҷлосия “Дар бораи таъйини интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Шашволон,№14 Масъалаи шашуми рӯзномаи иҷлосия “Дар бораи ташкил намудани комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоб намудани вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Шашволон, №14 комиссияи ноҳиявии интихоботӣ таъсис дода шуд. Масъалаҳои ҳафтум, ҳаштум, нуҳум ва даҳуми иҷлосия оиди тасдиқи фармоишҳои мақомотҳои марказии ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Масъалаи ёздаҳум ва охирони рӯзномаи иҷлосия “Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои Раиси ноҳия” бо баррасӣ ва муҳокимаи вакилон қарори дахлдор қабул гардид. Бо ҳамин иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод, даъвати шашум аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуда, кори худро анҷом дод.

                                                                                                                                            Дафтари матбуоти дастгоҳи Раиси ноҳия

 

Хондан 38 times Тағйироти охирон: Чоршанбе, 07 Апрел 2021 14:42

Шарикон