Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисон ва кормандони дастгоҳи ҷамоатҳои деҳот, шахсони бонуфуз, сарварони мактабҳо, фаъолзанон, ҷавонон ва дигар қишрҳои аҳолӣ иштирок доштанд.
Дар мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ 15 декабри соли 2020 баён доштанд, ба таври муфассал суханронӣ намуд.
Дар вохурӣ бо интихобкунандагон арзи сипоси Сарвари давлат ба мардуми кишвар ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихобот расонида шуда, муҳтавои Муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷот шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Зимни вохурӣ бо интихобкунандагон доир ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ, таъмиру бунёди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.
Дар ин радиф ба истифодаи самараноку оқилонаи замин, бахусус қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, омодагиҳо ба мавсими кишт, зиёд намудани майдони кишти картошка ва захираи озуқа дар ҳар як оила, инчунин дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу ағбаҳо дар мавсими сармо диққати хосса зоҳир карда шуд.
Зимнан аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иштироки фаъоли кишоварзони ноҳия дар намоиш – ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахти мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Оиди рафти иҷрои чораҳои безараргардонӣ, риояи ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус СOVID-19 ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар анҷом аз тарафи интихобкунандагон фикру дархостҳо пешниҳод гардиданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваъда доданд, ки барои иҷрои дархостҳои мазкур дар якҷоягӣ бо Вазорату Кумита ва ташкилотҳои марбута мусоидат менамояд.
Дафтари матбуоти дастгоҳи раиси ноҳия