МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Сафари кории муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенант Шоҳиён Рустам дар ноҳияи Нуробод Featured

  • Posted on:  Сешанбе, 22 Декабри 2020 09:50
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода доир ба ҷамъбасти фаъолияти комиссия дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенант Р. Шоҳиён иштирок намуданд.

Дар маҷлис намояндагони сохтори зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, комиссияи эвакуатсионӣ, комиссияи устуворгардонии иншоотҳои иқтисодии ноҳия, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва раисони љамоатњои шаҳраку дењот иштирок доштанд: Дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд.

1.Ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия- раиси ситоди ноҳиявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021”

2.Ҳисоботи сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Нуробод.

3.Тасдиқи нақшаи кории комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия барои соли 2021:

4.Масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома М. К. Давлатзода муовини якуми раиси ноҳия, раиси ситоди ноҳиявӣ оид ба масъалаи зимистонгузаронӣ ба сухан баромада, ҷиҳати омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ноҳия ба фасли тирамоҳу зимистон ҳисобот дод.

Доир ба масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Нуробод подполковник Т. Назаров шунида шуд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Хондан 90 times Тағйироти охирон: Чоршанбе, 23 Декабри 2020 10:12

Шарикон