МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Вохӯрии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Нуробод Featured

  • Posted on:  Якшанбе , 20 Декабри 2020 09:53
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ 15 декабри соли 2020 баён доштанд, корҳои назаррас ба сомон расонида истодааст.

Бо ин мақсад роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии кишвар Сулаймон Зиёзода ба ноҳия сафар намуда, сароғоз аз рафти корҳои ободониву созандагӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, ҳолати истифодаи самараноки замин дар якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳолати кору фаъолияти иншоотҳои обрасонӣ дидан намуда, аз нақшаву дурнамои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия аз наздик ошноӣ пайдо намуд.

Ҷиҳати расонидани Муроҷиатномаи Сарвари давлат гурӯҳи таблиғотӣ таъсис дода шуд, ки ба он кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, шӯроҳои ҷамъиятӣ, калонсолон ва фаъолони ноҳия шомил гаштанд.

Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо санаи 17 декабри соли равон дар маркази ноҳия - шаҳраки Дарбанд вохӯрии авалини гурӯҳи корӣ бо фаъолон ва намояндагони касбу кори ноҳия доир гардид.

Сароғоз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода арзи сипос ва миннатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми ноҳия ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихобот расонид. Баъдан, муҳтавои Муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот ба иштирокчиёни вохурӣ шарҳ дода шуд.

Ҳамзамон, дар вохӯриҳо оиди дигар масъалаҳои муҳим, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ, таъмиру бунёди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дар сатҳи баланд гузаронидани озмунҳои фарҳангӣ, илмию фаннӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳо ва таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ибрози назар карда шуд.

Андешидани чораҳои заруриву бетаъхир бобати пешгирии бемориҳои сироятӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин, захираи кофии маводи хӯрока, оғоз бахшидани корҳои ниҳолшинонӣ, омодагии ҷиддӣ ба мавсими сармо, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу ағбаҳо ва дигар масъалаҳои доғи рӯз аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи корӣ дар мулоқоту сӯҳбатҳо бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ҳакимӣ, Муҷихарф, Сафедчашма, Комсомолобод ва ба номи Иззатулло Ҳалимов таъкид карда шуд.

Ҳамчунин, аз ҳисоби мудирон ва кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарварони мактабҳо, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, зиёиён, фаъолзанон, ҷавонон ва волонтёрҳо зергурӯҳҳо таъсис дода шуда, онҳо дар деҳаву маҳалла ва кӯчаҳо ба ҳар як хонавода сӯҳбату мулоқот ва корҳои оммафаҳмониро вусъат бахшида истодаанд.

Сокинони сарбаланд ва меҳнатқарини ноҳия бо дарки масъулият ва муҳимии масъалаҳои баёншуда, Муроҷиатномаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дастаҷамъона барои амалӣ гаштани онҳо камари ҳиммат бастаанд. Қобили зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳия раванди ободониву созандагӣ дар сатҳи хуб ҷараён дошта, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 248 адад иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст.

То ин муддат аз ҷониби аҳолӣ, соҳибкорону шахсони ватандӯсти ноҳия 185 адади иншоотҳои банақшагирифта бунёд ва дар хизмати сокинони ноҳия қарор дорад. Дар 63 адади дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Ҷавобан ба муроҷиатҳо ва даъватҳои Пешвои муаззами миллат бобати истифодаи ҳар ваҷаб замин кишоварзони ноҳия дар пеши худ мақсад гузоштаанд, ки майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, ба хусус картошка ва ғалларо зиёд намуда, ба ин васила дар амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳмгузорӣ намоянд.

Рафти иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери таваҷҷӯҳи роҳбарияти ноҳия қарор дошта, барои амалӣ гардидани онҳо чораву тадбирҳо андешида мешавад.

                                                                                                                                                       Дафтари матбуоти дастгоҳи Раиси ноҳия

Хондан 106 times Тағйироти охирон: Душанбе, 21 Декабри 2020 13:38

Шарикон