МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Чамъомади тантанави бахшида ба 29-умин солгарди Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон .

  • Posted on:  Чоршанбе, 09 Сентябри 2020 14:51
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Бахшида ба 29- умин солгарди Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Дӯстзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд карда шуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Ин муқаддасот рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдорию бақои он мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сиёсати хирадмандонаю одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ноҳияи Нуробод дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, рӯз ба рӯз ободу зебо ва дилрабо гардида истодааст.

Имрӯз Нуробод ба як гӯшаи ободи диёри тоҷикон табдил ёфтааст.

Мардуми ноҳия бо як дилгармӣ ва умеду боварии зиёд ба ояндаи нек, тамоми қувваи худро баҳри ободии Ватан равона карда истодаанд.

Тӯли 29 соли Истиқлолият дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ва пешравиҳои назаррас ба даст омаданд. Бо ғамхорӣ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Нуробод рушду инкишоф ёфт.

Дар ҷамъомади мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Хондан 40 times Тағйироти охирон: Панҷшанбе, 10 Сентябри 2020 00:04

Шарикон