МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

ВОХӮРИИ СУДМАНД Featured

  • Posted on:  Панҷшанбе, 16 Июли 2020 11:37
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисон ва кормандони дастгоҳи ҷамоатҳои деҳот, шахсони бонуфуз, сарварони мактабҳо, фаъолзанон, ҷавонон ва дигар қишрҳои аҳолӣ иштирок доштанд.

Ҳадаф аз ин вохӯриву мулоқотҳо бо мақсади вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия ва баррасии масъалаҳои ҳалталаб буд.

Дар аввал ҳисоботи муовини якуми ноҳия Давлатзода Мирзоумар оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 шунида шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатаи интихоботии Рашт №12 ба сухан баромада, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба ҷамъбасти рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияро дар нимсолаи аввали соли 2020 баён намуда, ба масъулини соҳаҳо барои боз ҳам беҳтар гардонидани рушду пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия дастуру супоришҳо доданд.

Ҳамзамон, оид ба фаъолияти семоҳаи худ дар назди интихобкунандагон ҳисобот дода, қайд намуд, ки амалӣ гардидани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияву тасдиқ мегарданд вазифаи ҳаряки мову шумо аст. Волояти онҳоро таъмин намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани диёри азизамон саҳмгузор бошем.

Дар анҷом раиси ноҳия Ҳ. Дӯстзода бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату ҳукумат ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир барои баргузории чунин вохӯриву мулоқотҳои таъсирбахшу пурмуҳтаво, аз номи аҳли ноҳия изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.

 

Хондан 83 times Тағйироти охирон: Ҷумъа, 17 Июли 2020 11:58

Шарикон