Шумораи занон дар ноҳия 36 000 нафарро ташкил дода, 21 357 нафари онҳо занони қобили меҳнат мебошанд.
Шумораи занон бо маълумоти олӣ дар ноҳия 100 нафар буда, айни замон 15 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ноҳия фаъолият дошта, 12 нафар занон тариқи озмун ба хизмати давлатӣ ҷалб гардидаанд.
Ҳоло дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 8 нафар, маориф – 100 нафар, тиб – 116 нафар, дигар сохторҳо – 28 нафар, соҳибкорӣ - 11 нафар ва дар соҳаи кишоварзи 3 380 нафар занон ба фаъолият машғул мебошанд. 9 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 9 нафар вакили ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мебошанд.