Беҳдошти вазъи сиҳатии омма ва беҳтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба мардум яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад.
Сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия хуб гардида, мутахассисони ҷавону варзидаро баҳри хизматрасонии тиббӣ ба марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии деҳот ба кор сафарбар намудем.
Зикр кардан ба маврид аст, ки соли гузашта дар 2 деҳаи дурдасти ноҳия 2 бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуда, 1 маркази саломатии деҳот аз таъмири хушсифат бароварда шуд.