Бахши фарҳанги ноҳия дорои 5 адад хонаҳои фарҳангӣ, 6 клуб, 1 театри халқӣ, 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ бо теъдоди 141 нигораҳои таърихӣ ва 21 китобхонаҳои оммавӣ бо теъдоди 64 042 нусха китоб буда, ба аҳолии ноҳия хизмат расонида истодаанд.
Дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки муассисаҳои фарҳангӣ дар тобеи онҳост, кори клубу китобхонаҳо, ороиш ва таъмин намудани онҳо бо кормандони ихтисосманд рӯ ба пешравиҳо овардааст. Дар соли 2015 гурӯҳи таблиғотии бахши фарҳанг ва шаҳрак бо фаъолияти клубҳои сайёр дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо барномаҳои рангини худ саҳнаҳои театрӣ, вохӯриву суҳбатҳо, мизҳои мудаввар, барномаҳои консертӣ 11 маротиба намоишҳо гузаронид.