МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Роҳбарият | Раиси ноҳия

Ҷобирзода Додарҷон Пулод

Раиси ноҳия

  • Posted on:  Ҷумъа, 12 Феврали 2021 14:51
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

ҶОБИРЗОДА ДОДАРҶОН ПУЛОД

24 -январи соли 1965 дар деҳаи Себаки Ҷамоати деҳоти Комсомолободи ноҳияи Нуробод дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Милаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1990 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимиро бо ихтисоси муҳандис-бинокор хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро аз солҳои 1981-1982 ба ҳайси коргари одии савхози «Роғун» - и ноҳияи Нуробод оғоз намудааст. Баъдан солҳои 1983-1985 ба Донишгоҳи политехники Тоҷикистон, шаҳри Душанбе дохил шудааст.

Солҳои 1985-1987 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шўравӣ даъват шуда, баъд аз адои хизмати ҳарбӣ солҳои 1987-1990 Донишгоҳи политехники Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1990-1993 дар вазифаҳои муҳандиси сохтмонии майдончаи (трестплошадка) «Комсомолободсоз»-и ноҳияи Комсомолобод (ҳозира ноҳияи Нуробод), солҳои 1993-1998 сармуҳандиси идораи сохтмону васлгарии «Ёнур»-и ноҳияи Нуробод, солҳои 1998-2005 мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, солҳои 2005-2010 муовини раиси ноҳияи Нуробод, солҳои 2011-2021 мудири бахши Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун» дар ноҳияи Нуробод фаъолият кардааст.

Аз 4 майи соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №175 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод таъин шудааст.

Оиладор соҳиби 6 фарзанд.

                                           Тел: (83133 30102)

Хондан 496 times Тағйироти охирон: Душанбе, 17 Майи 2021 13:42

Шарикон