МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Роҳбари дастгоҳ

  • Posted on:  Ҷумъа, 29 Октябри 2021 12:45
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Сатторов Мавҷуд Маҳмудович

1 августи соли 1963 дар деҳаи Дегаи Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1988 совхозтехникуми ордени Лениндори ба номи Куйбишеви вилояти Қурғонтеппа (ҳозира вилояти Хатлон)-ро бо ихтисоси зоотехник ва соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси рӯзноманигорӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро солҳои 1983-1984 ба ҳайси Статистики Кумитаи комсомоли ноҳияи Комсомолобод (ҳозира ноҳияи Нуробод) оғоз намудааст.

Солҳои 1984-1985 корманди идораи таъмиру сохтмони ноҳияи Комсомолобод (ҳозира ноҳияи Нуробод) кор кардааст.

Солҳои 1989-1994 мухбири рӯзномаи «Ҳақиқати Комсомолобод» (ҳозира «Нури Нуробод»).

Солҳои 1994-2016 котиби масъул ва ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои Дарбанд» (ҳозира «Нури Нуробод».

Солҳои 2016-2021 сармуҳаррири рӯзномаи “Нури Нуробод” кору фаъолият намудааст.

Аз моҳи октябри соли 2021 то ин ҷониб дар мансаби роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод кор мекунад.

Хондан 8444 times Тағйироти охирон: Сешанбе, 11 Январи 2022 16:16

Шарикон