Солиҳзода Рахшона Розиқ
21-уми феврали соли 1971 дар деҳаи Маданияти ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст.
Соли 1978 таҳсилоти худро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Панҷ оғоз намуда,
соли 1988 муассисаи мазкурро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.
Соли 2003 ба омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Нуробод дохил шуда, онро соли 2007 бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба итмом расонидааст.
Соли 2010 ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дохил шуда, соли 2016 бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик донишкадаи мазкурро бо муваффақият хатм намудааст.
Мавсуф фаъолияти кории худро аз соли 1993 дар мактаби МТМУ №12-и ноҳияи Сангвор оғоз намуда, соли 2016 ба ҳайси директори МТМУ №12-и ноҳияи Сангвор кору фаъолият намудааст.
Тайи солҳои 2017-2019 дар шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод ба сифати мутахассис адои вазифа намудааст.
Аз моҳи январи соли 2019 муовини раиси ноҳияи Нуробод таъин гардид.